ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ Тоҷикистон, ин иддор рӯзи 13 декабр баргузор шуда дар он вазирони корҳои хориҷаи ин ду кишвар ҳам ширкат доштаанд.
"Ҷонибҳо натиҷаҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонро ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ки рӯзҳои 9-11 декабри соли ҷорӣ сурат гирифт, баланд арзёбӣ намуда, оид ба механизмҳои пайгирии саривақтии тавофуқоти зимни сафари мазкур ҳосилшуда ибрози андеша карданд.", — омадааст дар хабарнома.
Пешниҳод гардид, ки дар партави дастуру нишондодҳои раҳбарияти олии Тоҷикистон ва Урдун миёни вазорату ниҳодҳои дахлдори ду кишвар тамосҳои бештар ба роҳ монда шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои авлавиятнок иқдомоти амалии мушаххас бардошта шавад.
Ҳамчунин, зимни мулоқот оид ба қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун Сироҷидин Аслов ва Айман Сафадӣ ҳузур доштанд.