ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Нерӯҳои дарёии Туркия имрӯз аз ғарқ шудани киштие хабар доданд, ки 51 паноҳҷӯро ба Урупо мебурд.
Ба гузориши хабаргузории "Форс" ба нақл аз "Франс пресс", дар паи ғарқ шудани ин киштӣ нерӯҳои Горди соҳилии Туркия ҳама 51 муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 15 кӯдакро наҷот доданд.
Гуфта мешавад, ки бархе аз мусофирони наҷотёфта шаҳрвандони Афғонистон, Ангола, Сурия ва Сомалӣ ҳастанд.
Соҳилҳои Туркия дар дарёи Миёназамин, бавижа дарёбори Эгей, кӯтоҳтарин масири муҳоҷират аз Осиёву Африко ба Урупо ҳастанд.