ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти расонаие, ки дирӯз баргузор кард, гуфт, ки Маскав қасд дорад кумакрасонӣ ба Афғонистонро идома диҳад.
"Мо мебинем, ки ҳукумати марказии Кобул ба ҳимояти ҷомеъаи байналмилалӣ ниёз дорад ва мо омодаем аз ин кишвар ҳимоят кунем. Мо дар солҳои гузашта низ кадрҳои миллӣ, нерӯҳои интизомӣ ва мусаллаҳи Афғонистонро омӯзиш ва таслиҳоту фанновариҳои низомиро ба Афғонистон таҳвил додаем", — гуфт вай.
Дар паи ин изҳорот Sputnik Афғонистон аз коршиносон пурсидааст, ки Афғонистон имрӯз мехоҳад бештар дар кадом заминаҳо аз Русия ёриву пуштибонӣ дарёфт кунад?
Дабири Маҷлиси намояндагони Афғонистон Абдулқодир Зозай дар ин бора гуфт: "Покистон дар минтақа, бавижа дар Афғонистон, бархе барномаҳо дорад. Имрӯз ин кишвар талош дорад бештар бо Русия наздик шавад ва мо мехоҳем, ки Русия таваҷҷуҳи комили худро дар дӯстӣ бо Покистон дошта бошад, зеро он кишвар ва бавижа созмони истихбороташ, ҳаргиз бо кишваре самимона дӯстӣ накарда ва ҳамеша ба дунболи манофеъи худ аст".
Зозай хоҳони ҳамкории Афғонистон бо Русия дар заминаи амниятӣ шуду афзуд: "Русия метавонад дар арсаи таъмини амнияти кишвар, бавижа марзбонӣ, ҳамкорӣ кунад. Ҳама медонанд, ки дар Афғонистон толибҳои чеченӣ, тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва дигар низ ҳузур доранд. Инҳо аз кишварҳое ба Афғонистон меоянд, ки бо Русия равобити хубу наздик доранд ва Русия бар онҳо асаргузор аст. Аз ин рӯ, Русия метавонад дар бахши таъмини амнияти марзҳо бо онҳо ҳамкорӣ кунад то теруристҳо натавонанд вориди Афғонистон шаванд".
Ин намояндаи Маҷлиси қонунгузор гуфт, ки мардуми Афғонистон аз Русия ин умедро доранд, ки дар бахшҳои омӯзишу парвариш, низомӣ ва бозсозии кишвар, бавижа бозсозии тунелҳо, пулҳо ва бузургроҳҳо, ҳамкорӣ кунад.
Зозай хоҳони кумакҳои низомии Русия шуд ва гуфт, ки ин кишвар дар заминаи низомӣ низ метавонад Афғонистонро ёрӣ диҳад ва барои низомиён силоҳу ҷангафзор бидиҳад. Вале ҳамзамон вай хост, ки Русия на мустақим ва на ғайримустақим бо мухолифони давлати Афғонистон ҳамкорӣ накунад.
Ёдоварӣ мекунем, ки Владимир Путин дар он нишасти расонаӣ гуфта буд, ки "бе кумакҳои иқтисодӣ Афғонистон нахоҳад тавонист аз уҳдаи ҳалли масоили мавҷуд ва мубориза бо маводи мухаддир барояд".
Раисҷумҳури Русия ёдоварӣ кард, ки мубориза бо хатару таҳдидҳои маводи мухаддир ва теруризм дар Афғонистон беҳтару муассиртар мебуд, агар Амрико ва Русия метавонистанд кӯшишу талошашонро дар ин замина муттаҳид кунанд.
"Мутаассифона маводи мухаддир, бавижа, маводи сангину хатарноки зиёд дар қаламрави Афғонистон тавлид мешавад, ки як қисмати он дар бозорҳои Русия ба фурӯш мерасад. Табъан, ки он моро нороҳат карда аст ва мо ҳамроҳ бо давлати Афғонистон ва бо Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои алоқаманд ин арсаро кор хоҳем кард".