Turkish Airlines аз 150 мусофираш узр хост: ваъда медиҳем, қазия ҳал мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМеждународный аэропорт имени Ататюрка, архивное фото
Международный аэропорт имени Ататюрка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ширкати Turkish Airlines амнияти мусофирон муҳимтарин масъала аст ва сару садоҳое, ки гӯё ширакт ба ҷойи бори мусофиронаш бори тоҷиронро бурда бошад, асос надоранд. Мо итминон медиҳем, ки борҳо 16-уми декабр ба Душанбе оварда мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ширкати "Роҳҳои ҳавоии Туркия" аз мусофиронаш узрхоҳӣ кард. Аз дафтари матбуотии "Turkish Airlines" ба Sputnik Тоҷикистон далели нарасидани амволи мусофирони парвози Стамбул- Душанберо шарҳ доданд.

"Ширкати "Роҳҳои ҳавоии туркӣ" аз мусофиронаш барои дар заҳмат андохтанашон узрхоҳӣ карда, итминон медиҳад, ки қазия ба зудӣ ҳалл хоҳад шуд", — омадааст дар номаи расмии Turkish Airlines. 

Бино бар иттилои масъули матбуотии ширкат дар Тоҷикистон Ихтиёр Холмирзоев, бори мусофирон ба далоили нарасидани амволи мусофирон техникӣ буда, ин қазия рӯзҳои наздик ҳалли худро пайдо мекунад.

"Мехоҳем мусофирони худро хабардор кунем: ҳавошиносон пешбинӣ карданд, ки шаби 14-уми декабр  дар Душанбе ҳавои номусоид  пешбинӣ мешавад, ки барои нишастани ҳавопаймо монеа эҷод мекунад. Мувофиқи шартҳои бехатарии ширкат, агар дар фурудгоҳи муаяйншуда ҳавои номусоид пешбинӣ шавад, пас капитани ҳавопаймо пеш аз парвоз бояд ду фурудгоҳи иловагиро муайян кунад.  Дар ин ҳолате, ки пеш омад, ду фурудгоҳи иловагӣ — фурудгоҳи Хуҷанд ва Самарқанд буданд. Мутаассифона, барои нишастан дар Хуҷанд ҳам ҳаво мусоид набуд,  барои нишастан ба фурудгоҳи  Самарақанд бошад, боз 1,5 тоннаи дигар сӯзишворӣ лозим буд. Барои пешгирӣ ҳолатҳои нохуб командири парвоз ба хулоса омад, ки аз ҳисоби 1,5 тонна амволи мусофирон,- 1,5 тоннаи дигар бояд сӯзишворӣ захира кард",- қайд кардааст манбаъ.

Ширкат меафзояд, бархе сару садоҳое, ки дар атрофи ин қазия паҳн шудаанд, асос надоранд.

"Барои ширкати Turkish Airlines бехатари мусофирон масъалаи аввал аст ва сару садоҳое, ки ширакт ба ҷойи бори мусофиронаш бори тоҷиронро кашонидааст, асос надоранд. Мо кафолат медиҳем, ки тамоми бор 16-уми декабр ба Душанбе оварда мешаванд. Мусофирон метавонанд амволашонро аз фурудгоҳ, ё бунгоҳи Turkish Airlines дар Душанбе дастрас кунанд ё ки ширкат метавонад ба манзили онҳо расонад",- омадааст дар нома.

Ёдовар мешавем, пештар расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзи гузашта, 150 мусофири ширкати Turkish Airlines, парвзи Стамбул-Душанбе пас аз расидан ба манзил натавоситанд бори худро дастрас кунанд. Бино бар иттилои расонаҳо, мусофирон шикоят карданд, ки парвози онҳо дар Стамбул 40-45 дақиқа боздошта шуд, аммо касе ба онҳо далели онро нагуфт ва онҳо пешакӣ хабар надоштанд, ки бори онҳо дастрас намешавад.

Лентаи хабарҳо
0