Расулзода: Тоҷикистон бар истораш дар масъалаи Байтулмуқаддас устувор аст

© Sputnik / Дмитрий АстаховКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Тоҷикистон бар зарурати иттиҳоди ҷомеаи байналмилал ва ҳалли мунсифона ва мусолиматомези мавзӯи Фаластин таъкид кард

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ бар зарурати иттиҳоди ҷомеаи байналмилал ва ҳалли мунсифона ва мусолиматомези мавзуъи Фаластин таъкид кард.

Ба гузориши хадамоти матбуотии ВКХ ҶТ, нахуствазири Тоҷикистон 13 декабр дар нишасти ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ширкат ва суханронӣ кард.

"Дар суханронии Сарвазири кишвар мавқеъи собити Тоҷикистон оид ба низои Фаластину Исроил бори дигар ироа гардид ва ба аҳаммияти ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ ва талошҳои созанда ҷиҳати ҳалли одилонаю фарогири қазияи мазкур таъкид сурат гирифт", — гуфтанд дар ВКХ ҶТ.

Дар ин нишаст, ки дар шаҳри Истанбул баргузор шуда ва унвонаш "Амали ягона барои ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас" буд, вазири умури хориҷии ҶТ низ бар зарурати ҳалли мусолиматомези қазияи Фаластин ва Исроил таъкид кард.

"Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ бар зарурати ҳалли мусолиматомези қазияи Фаластин ва Исроил даъват ба амал оварда, ба мавқеи собити кишвар дар мавриди мақоми шаҳри Байтулмуқаддас бар асоси қарорҳои байналмилалӣ таъкид намуд", — гуфтанд дар ВКХ ҶТ.

Пеш аз ин низ Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе аз барномаи Амрико барои интиқоли сафораташ аз Телавив ба Байтулмуқаддас нигаронӣ карда ва ҳушдор дода буд, ки ин кор ба вахомати вазъияти сиёсӣ ва ба афзоиши танишҳои мазҳабӣ ва қавмӣ дар Ховари Миёна ва дар саросари минтақа мунҷар хоҳад шуд ва ба солҳо талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар эҷоди сулҳ дар Фаластин зарбаи ҷиддӣ мезанад.

Лентаи хабарҳо
0