ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Раҳбари Ҳизби коммунистии Душанбе Субҳон Сафиаллоев ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Дар ин бора Тоҷик. ТА. хабар медиҳад.
"Раҳбари Ҳизби коммунистии Душанбе Субҳон Сафиаллоев ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ӯ аллакай дар Кумитаи зидди фасоди кишвар бозпурсӣ шудааст, — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки Сафиаллоев аз номи вазифадори баландпояе ба кумитаи давлатие занг зада барои кӯмаки молӣ ба зани бемор маблағ талаб кардааст.
Дар ҳоли ҳозир нисбати ин ӯ тафтишот идома дорад. Ҳоло Субҳон Сафиаллоев дар озодӣ қарор дорад.