Аслов дар нишасти СҲИ мавқеъи Тоҷикистонро бобати Исроил муайян кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Аслов, архивное фото
Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар бораи мавқеъи Тоҷикистон оиди Байтулмуқаддас гуфт

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ҳалли мусолиматомези қазияи Фаласатин ва Исроил даъват кард.

Сироҷиддин Аслов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ширкат кард.

Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар шаҳри Истанбули Туркия таҳти унвони "Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас" баргузор гардид.

"Вазири корҳои хориҷӣ ба зарурати ҳалли мусолиматомези қазияи Фаласатин ва Исроил даъват ба амал оварда, ба мавқеи собити кишвар дар мавриди мақоми шаҳри Байтулмуқаддас бар асоси қарорҳои байналмилалӣ таъкид намуд", — омадаст дар хабарнома.

Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Хашми Қодиров аз қарори Трамп дар бораи Байтулмуқаддас

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бар ин аст, ки интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас Ховари Миёнаро бо мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ дучор хоҳад кард.

"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуда, бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард", — гуфта мешавад дар изҳороти ВУХ ҶТ.

Лентаи хабарҳо
0