Жириновский пешниҳод кард, ки дар Русия як ҷашни дигари Пирӯзӣ роҳандозӣ шавад

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкЛидер ЛДПР Владимир Жириновский, архивное фото
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки дар Русия ба муносибати пирӯзӣ бар теруризм дар Ховари Наздик ҷашн баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки 11-уми декабр ҳамчун рӯзи пирӯзии артиши Русия ба теруризми ҷаҳонӣ дар Ховари Наздик пазируфтаву расмӣ шавад.

"Ин пирӯзии бузург аст. Мо бояд ҳар сол 11-уми декбарро ҳамчун Рӯзи артиш, ҳамчун рӯзи пирӯзии артиши Русия дар мубориза бо теруризми ҷаҳонӣ дар Ховари Наздик ҷашн гирем", — мегӯяд Жириновский.

Ба гуфтаи роҳбари ЛДПР ин пирӯзӣ "ниҳоист".

"Мо нерӯҳои асосии ҷангҷӯёни исломӣ, ифротгароён ва тундравҳоро торумор кардем. Чуноне ки олмониҳоро торумор ва Берлинро гирифта будем: мо ин нерӯҳои асосиро нобуд кардем, даҳҳо ҳазорро ва қаламрави Сурияро пурра озод кардем", — таъкид кард Жириновский.

Ёдовар мешавем, пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармон дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия пас аз пурра торумор кардани гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" (мамнуъ дар Тоҷикистон) аз Сурия бароварда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0