Маводи ғизои дар 11 моҳи ахир дар Тоҷикистон наздики панҷ дарсад гарон шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешРынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон афзоиши қиматҳо ва хидматрасониҳо дар оғози моҳи декабр ба 6.3 дарсад расид

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ба гузориши "Парстудэй", қимати маводи ғизоӣ дар 11 моҳи сипаришуда аз имсол 4.3 дарсад, маҳсулоти ғайриғизоӣ як дарсад ва таърифаҳои хидматрасонӣ низ ба мизони як дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши хадамоти омори Бонки миллии Тоҷикистон нархи таваррум дар моҳи ноябр 0.3 дарсад буд, ки 0.3 дарсад камтар аз давраи мушобеҳи соли 2016 аст.
Нархи таварруми солона дар Тоҷикистон (барои 12 моҳи гузашта) 6.7 дарсад будааст ва ба тадриҷ ба сатҳи таварруме, ки Бонки милли ин кишвар дар миёнмуддат пешбинӣ карда буд, наздик мешавад.

Ин гузориш ёдоварӣ мекунад, ки дар моҳҳои гузашта раванди ба эътидол омадани қимати бархе аз маҳсулоти ғизоии ниёзи аввалия дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Коршиносон сатҳи поини таваррум дар Тоҷикистонро ба "фаъол шудани сиёсати пулии зидди таваррумӣ" ва "тасбити вазъият дар бозори арзи дохилӣ" муртабит медонанд.

Бонки милли Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки таваррум дар сол 2017 ва дар миёнмуддат ба мизони ҳафт дарсад нигоҳ дошта хоҳад шуд.
Соли гузашта нархи таваррум дар Тоҷикистон 6.1 дарсад буд.

Лентаи хабарҳо
0