Путин: Русия аз бесуботӣ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нигарон аст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЕжегодная большая пресс-конференция президента РФ Владимира Путина
Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ёдоварӣ кард, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрав бахшҳое аз қаламрави Афғонистонро дар марз бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ба даст овардаанд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Русия омода аст аз Афғонистон дар муборизааш бо таҳдидҳои теруристӣ пуштибонӣ кунад, гуфт Владимир Путин дар нишасти расонаие, ки ҳамакнун дар Маскав ҷараён дорад.

"Мо мебинем, ки хатару таҳдид аз сӯи теруристҳои байналмилалӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мебинем, ки сохторҳои мусаллаҳи тундрав бахшҳое аз қаламрави Афғонистонро дар марз бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ба даст овардаанд. Бегумон, ин падидаҳо моро бисёр нигарон мекунанд, зеро мо дар он минтақа пойгоҳҳои низомӣ дорем", — таъкид кард раҳбари Русия.

Путин бо ишора ба ин ки ҳукумати марказии Кобул ниёз ба ҳимояти ҷомеъаи байналмилалӣ дорад, афзуд, ки Русия омода аст аз ин кишвар ҳимоят кунад.

"Мо дар солҳои гузашта низ кадрҳои миллӣ, нерӯҳои интизомӣ ва мусаллаҳи Афғонистонро омӯзиш ва таслиҳоту фанновариҳои низомиро ба Афғонистон таҳвил додаем", — афзуд вай.

Путин: Россия и США могли бы объединить усилия в борьбе с терроризмом в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Путин дар бораи қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон: Русия наметавонад бетараф бошад

Раисҷумҳури Русия ёдоварӣ кард, ки мубориза бо хатару таҳдидҳои маводи мухаддир ва теруризм дар Афғонистон беҳтару муассиртар мебуд, агар Амрико ва Русия метавонистанд кӯшишу талошашонро дар ин замина муттаҳид кунанд.

"Мутаассифона маводи мухаддир, бавижа, маводи сангину хатарноки зиёд дар қаламрави Афғонистон тавлид мешавад, ки як қисмати он дар бозорҳои Русия ба фурӯш мерасад. Табъан, ки он моро нороҳат карда аст ва мо ҳамроҳ бо давлати Афғонистон ва бо Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои алоқаманд ин арсаро кор хоҳем кард".

"Бе кумакҳои иқтисодӣ Афғонистон нахоҳад тавонист аз уҳдаи ҳалли масоили мавҷуд ва мубориза бо маводи мухаддир барояд", — афзуд вай.

Лентаи хабарҳо
0