Тоҷикистон маркази омӯзишии Нерӯҳои марзбониро бозсозӣ кард

© Пресс служба президента РТПогранвойска Таджикистана реконструировали учебный центр
Погранвойска Таджикистана реконструировали учебный центр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази омӯзишии Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳазинаи 340 ҳазор дулор бозсозӣ шуд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ин бунгоҳи омӯзишии марзбонӣ, ки дар ноҳияи Панҷ ҷойгир аст, бо ҳазинаи 3 милюн сомонӣ ё 340 ҳазор дулор бозсозӣ карда шудааст.

Ба гузориши равобити умумии КДАМ ҶТ, дар маросими бозкушоии Маркази омӯзишии "Ҳалқаёр" нахуствазир Қоҳир Расулзода, ёвари раисҷумҳур дар умури амниятӣ Шералӣ Хайруллоев раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ширкат доштанд.

Ин маркази омӯзишӣ дорои утоқҳои таълимӣ, хобгоҳҳо барои афсарон ва сарбозон, музей, китобхона, майдонҳои варзишӣ ва режа ва дигар созаҳо аст.

Чанде пеш дар ин Маркази омӯишӣ беш аз 580 сарбозе, ки нав ба хидмат даъват шудаанд, савганд ёд карданд.

Дар ин маросим раёсати ноҳияи Панҷ, намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ва падару модарони сарбозони нав ширкат карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0