ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия имрӯз 81-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро ҷашн мегиранд. Дар ҷашни "Мавлуд" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.
Порсол ба муносибати 80-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ дар толори консертии "Россия" дар шаҳри Маскав барномаи ҳунариву фарҳангии "Хушҳолӣ муборак" бо ширкати овозхонони машҳури Бадахшон баргузор гардид.
Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоътҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони Чаҳорум, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.
Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.