ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як шаҳрванди Фаронсаро, ки муттаҳам ба кӯшиши убури ғайриқонуни аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ва пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" шуда буд, ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
"Шаҳрванди Фаронсаро марзбонҳо дар ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Афғонистон, боздошт кардаанд. Ӯ қасд дошт дар Афғонистон ба гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" бипайвандад", — гуфтанд дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба РИА Новости.
Бозҷӯён ошкор кардаанд, ки ин шаҳрванди Фаронса аз мусулмонҳои Фаронса буда ва аз қаламрави Қирғизистон бо раводиди гардишгарӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаву мехостааст ба Афғонистон бигзарад.
"Дар ҷаласаҳои аввали додгоҳӣ намояндаҳои сафорати Фаронса ширкат доштанд. Аммо маҳкумшуда истирдод ба Фаронсаро напазируфта ва хостааст, ки муддати зиндонияшро дар Тоҷикистон сипарӣ кунад", — гуфтанд дар Додситонии кулл.
Вале сафорати фаронса дар Тоҷикистон аз ҳаргуна тавзеҳ дар ин бора худдорӣ кард. Додситонии кулл низ ному нишони ин муҷримро ошкор накард.
Бино ба додаҳои нерӯҳои амниятӣ, имсол беш аз 10 шаҳрванди Банглодеш, Қирғизистон ва Русия дар марз бо Афғонистон боздошт шудааст. Онҳо қасд доштаанд дар Афғонистон ба Толибон ё ДОИШ бипайванданд.