Муаллифи таронаи "Оҳанги дили зори ман" дар Душанбе нахустин бор ҳунарнамоӣ мекунад

© Facebook / Farahmand KarimovФарахманд Каримов, архивное фото
Фарахманд Каримов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консерт 16-уми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон таҳти унвони "Аввалин дидор" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Муаллифи таронаи "Оҳанги дили зори ман" — Фараҳманд Каримов  дар Душанбе нахустин бор ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора овозхони ҷавон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Гуфта мешавад, консерт 16-Консерт 16-уми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон таҳти унвони "Аввалин дидор" баргузор мешавадуми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон таҳти унвони "Аввалин дидор" баргузор мешавад.

Худи овозхон гуфтааст, ин консертро бро дархости мухлисонаш баргузор мекунад, ки аз нахустин ҳунарнамоии вай дар пойтахт аст.

"Оҳанги дили зори ман", ки Фараҳманд Каримов ва Исмоилҷон Исмоилов дар аввали соли ҷорӣ нашр карданд, билофосила ба ин ду овозхони ҷавон маъруфияти боварнокардание овард.

Ин тарона то имрӯз пуртамошобинтарин таронаи тоҷикӣ дар Интернет боқӣ мемонад ва танҳо дар ду канали Ютуб "Оҳанги дили зори ман"-ро қариб 6 миллион нафар тамошо кардаанд, ки ҳеҷ як таронаи дигари тоҷикӣ имсол чунин шумораи бузурги тамошобин ба даст наовардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0