Коршинос: теруристҳо метавонанд аз Тоҷикистон бештар "сарбоз" бигиранд

© Sputnik Андрей Казанцев, архивное фото
Андрей Казанцев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Замина барои сарбозгирии теруристҳо аз миёни шаҳрвандон дар Тоҷикистон мусоидтар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, мегӯяд коршиноси Донишгоҳи байналмилалии равобити хориҷии ВУХ Русия

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Андрей Казантсев дар видеоҳамоише дар мавзуъи густариши ифротгароии исломӣ дар густараи пасошуравӣ гуфт, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон заминаи ҷазби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои теруристӣ бештар аст.

Ин коршиноси рус мегӯяд, ки заминаи ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои теруристӣ аз он рӯ бештар аст, ки бархе аз мухолифони миёнарави исломии ин кишвар саркӯб шуда ва ба сӯи гурӯҳҳои теруристӣ тамоюл пайдо кардаанд.

Яке дигар аз авомили хатарнок, аз дидгоҳи Андрей Казантсев, наздикии Тоҷикистон бо Афғонистон ва афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои теруристӣ дар манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Вай бар ин назар аст, ки "фақру бекорӣ ва набуди имкони омӯзиши дурусти улуми исломӣ ҷавононро ба оғӯши гурӯҳҳои теруристӣ мекашонад".

Казанцев: в Центральной Азии есть условия для вовлечения граждан в террористическую деятельность
Лентаи хабарҳо
0