Дучархасавори швейсарӣ аз хотироти сафараш ба Тоҷикистон нақл кард

© Фото : Яхшибаев РусланФанские горы в Таджикистане
Фанские горы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Клод Марталерро, ки чанд маротиба ба Тоҷикистон бо дучарха сафар кардааст, филми мустанадро дар бораи Тоҷикистон омода кардааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дучархасавори швейсарӣ аз хотироти сафараш ба Тоҷикистон нақл кард. Дар бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 11 декабри соли равон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейсария ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарони хориҷӣ ва таблиғу ташвиқи симои мусбати Тоҷикистон дар кишвари иқомат чорабинии иттилоотӣ дар шаҳри Женева баргузор гардид.

"Сафорат дучархасавори машҳури Швейтсария, Клод Марталерро, ки чанд маротиба ба Тоҷикистон бо дучарха сафар карда буд, ба чорабинии зикршуда ҷалб намудаст. Клод Марталер як филми мустанадро аз сафари хеш ба Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардонд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамзамон кормандони Сафорат имкониятҳои гардишгарии Тоҷикистон ва сиёсати рушди туризмро ба иштирокдорон муаррифӣ карда, маводи таблиғотӣ-маълумотиро, аз қабили брошюраҳо ба онҳо тақдим намуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки бори аввал дар Тоҷикистон торномаи миллии гардишгарӣ фаъол шуд.  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода гуфт, даргоҳи миллӣ барои иттилоърасонии дақиқ ва саҳеҳ ба гардишгарони дохиливу хориҷӣ воситаи муҳиме ба шумор меравад. Даргоҳ ҳамакнун ба се забон барои корбарони интернет дастрас аст.

Лентаи хабарҳо
0