Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ оро доданд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкНовогодняя ёлка, архивное фото
Новогодняя ёлка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои "Авасто" арчаи солинавӣ қомат афрохт, ки 18 метр баландӣ доранд

ДУШАНБЕ, 12 дек— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, шуруъ аз 15 декабри соли 2017 дар ин мавзеъ чорабиниҳои фарҳангии солинавӣ оғоз мегардад.

Дар чорабиниҳои солинавӣ хонандагони мактаб ва литсейҳо, донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Донишкадаи политехнкии ДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии худро пешниҳоди сокинон менамоянд.

Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Арчаи солинавии Душанбе чароғон шуд

Дар назар аст, ки муассисаҳои фарҳангии шаҳр, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии "Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ", театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров, муасссиаи давлатии "Кохи фарҳанги Суғдиён", ансамбли фолклории "Фалак", ансамбли шашмақомхонони "Нури Хуҷанд", театри давлатии лӯхтаки вилояти Суғд низ барномаҳои солинавии хешро ба намоиш гузоранд.

Ҳамчунин дар назди майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол" низ арчаи солинавӣ қомат афрохта, дар ин мавзеъҳо ҳам ташкили силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0