Роҳнамоии Бобои Барфӣ барои муҳоҷирон

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция Деда Мороза
Пресс-конференция Деда Мороза - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бобои Барфӣ нақл кард, ки бо дарёфти фурсат бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои гуногун ҳамсуҳбат мешавад. Аз ҷумла чанде пеш ӯ дар сохтмони Пули Қрим бо гурӯҳи сохтмончиён суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ба бунгоҳи хабарию радиоии Sputnik дирӯз Бобои Барфӣ омад.

Мутаассифона на ҳама имкон дорад Соли нави мелодиро дар канори аҳли хонавода пешвоз гирад. Аксари мардум дур аз хешу ақрабо берун аз Ватан ба сар мебаранд.

Бобои Брафӣ чанде пеш бо гурӯҳи сохтмончиёни пули Қрим суҳбат кардааст.

Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Арчаи солинавии Душанбе чароғон шуд

"Ман бо асоям сифати асфалти болои пулро санҷидам, бо асоям дар болояш тақ тақ кардам, қариб буд асоям шиканад", — нақл кард  ҷодугар.

Хушбахтона ҳамаи муҳоҷироне, ки Бобои Барфӣ бо онҳо ҳамсӯҳбат шудааст гуфтаанд, ки Соли нави мелодиро бо аҳли хонаводаашон пешвоз мегиранд.

"Ман  мехоҳам он риштаи хешовандие, ки муҳоҷирон доранд, ҳич гоҳ канда нашавад. Барои ин имрӯз имконият зиёд аст, масалан нақлиёт. Имконияти техникӣ ҳам ҳаст-зангҳои видеоӣ. Набераам ба ман нишон дод, ростӣ ман худ техникаро он қадар хуб намефаҳмам. Дӯстон, бояд бо ҳамдигар суҳбат кард, якдигарро фаромӯш набояд кард ва ин ришта набояд канда шавад. Ин роҳнамоии ман барои муҳоҷирон",-гуфт Бобои Барфӣ.

Бобои Барфӣ дар охир ба ҳамагон хушбахтӣ орзу карду гуфт, ки ба ӯ номаҳо нависанд ва ӯ бо камоли майл ба онҳо ҷавоб хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0