Навори боздошти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ

Обуна шудан
Кормандони Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ) се муҳоҷир аз Осиёи Марказиро ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар Маскав дар рӯзҳои ҷашни Соли нав боздошт карданд

Ин се боздоштшуда аз пайравони созмони теруристии "Давлати исломӣ" буда ва қасд доштаанд дар рӯзҳои ҷашни Соли нав ва интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар Маскав амалиёти интиҳорӣ (худкушӣ) анҷом диҳанд, хабар медиҳад Маркази равобити умумии ФСБ Русия.

"Созмони амнияти федероли Русия фаъолияти як гурӯҳаки пинҳонкори "Давлати исломии Ироқу Шом"-ро хунсо кард. Ин гурӯҳаки торуморшудаи ДОИШ-ро саркардаҳояш аз хориҷа раҳбарӣ ва фармондеҳӣ мекарданд", — гуфта мешавад дар хабари Маркази равобити умумии ФСБ Русия.

Лентаи хабарҳо
0