Нахустин сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Урдун чанд рӯз идома кард.
Дар ин сафар раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ ба Эмомалӣ Раҳмон калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карду раисҷумҳурро шаҳрванди фахрӣ эълом кард.
Ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман аз Подшоҳии Ҳошимии Урдун дидор ва бо малик Абдуллоҳ ибни Ҳусейн гуфтугӯ кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари расмӣ ба Подшоҳии Ҳошимии Урдун бо нахуствазири ин кишвар Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ дидор кард ва дар ин дидор ҷонибҳо 11 санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сафари расмӣ ба Подшоҳии Ҳошимии Урдун имрӯз бо раиси Маҷлиси аъёни Урдун Файсал ал-Фоиз дидор карда вазъ ва дурнамои равобит миёни маҷлисҳои қонунгузори Тоҷикистон ва Урдунро баррасӣ карда, нақши онҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстона миёни ду кишварро арзишманд хонданд.
Дар баробари ин раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ дар Урдун аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид кард.