ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Шариф Назарзода имрӯз сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъйин шуд.
Генерал Назарзода то ин замон сардори Идораи умури дохилии вилояти Суғд буд.
Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз авзоъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа минтақа нигаронӣ карда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.