ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар нишасти Ишқобод аз ибтикори СММ барои роҳандозии чорчӯби "Кишварҳои Осиёи Марказӣ — Афғонистон" (С5+1) пуштибонӣ карданд.
Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУХ Узбакистон, ин чорчӯбро Маркази минтақаии СММ барои дипломатии пешгирона дар Осиёи Марказӣ (United Nations Regional Centre for Preventive Diplomacy in Central Asia) бо пуштибонии Ҳайъати мусоидати Созмони милали муттаҳид барои Афғонистон (UNAMA) пешниҳод кардаанд.
Ин чорчӯб бояд анҷумангоҳе барои баҳсу баррасии масоили муҳиму мубрами минтақа шавад. Чорчӯби С5+1 имкон хоҳад дод, ки кишварҳо барои таъмини сулҳу субот ва рушди пойдор дар минтақа чораҳову барномаҳои муштарак таҳия ва иҷро кунанд. Созмони милали муттаҳид аз ин иқдом ҳамаҷониба пуштибонӣ хоҳад кард.
Тасмим барои роҳандозии ин "анҷумангоҳ" дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Ишқобод гирифта шуд.
Дар ин нишасти, ки 11 декабр баргузор шуд, муовини вазири умури хориҷии ҶТ Музаффар Ҳусейнзода низ ширкат ва суханронӣ кард.
Ба гузориши ВУХ ҶТ, дар ин нишаст роҳу чораҳои таъмини сулҳу субот ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақаӣ баррасӣ шуда ва Барномаи амали Маркази минтақаии дипломатии пешгирона барои солҳои 2018 — 2020 тасвиб шуд.