ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Яке аз ҳунармандони машҳури узбакистонӣ Юлдуз Усмонова имрӯз зодрӯзашро ҷашн мегирад. Дар саҳифаи Юлдуз дар Инстаграм тамоми ҳаводорону дӯстонаш табрикнома навиштаанд, гузориш медиҳад Sputnik Узбакистон.
Субҳи имрӯз сараввал гурӯҳи эҷодии Усмонова ҳунармандро шодбош гуфтааст.
"Имрӯз, 12-уми декабр примадоннаи эстрадаи Узбакистон, ҳунарманди мардумии Узбакистон зодрӯз дорад. Дар ин рӯзи фараҳбахш ҳунармандро ҳаводорону дӯстон ва наздиконаш шодбошиҳои зиёд ва тамонниётҳои нек кардаанд. Мо аз номи гурӯҳи эҷодии Yulduz ба шоҳзодаи эстрада хушбахтӣ, саломатӣ, ва муваффақиятҳои эҷодиро таманно дорем",- омадааст дар табрикоти гурӯҳи эҷодӣ.
Ҳамчунин Юлдуз Усмоноваро аз тамоми гирду гушаҳои ҷаҳон ҳаводоронаш навиштаву таманниётҳои нек ирсол кардаанд. Таманниёҳо гуногунанд: касе саломатии бардавом, касе консертҳои зиёд, каси дигаре орзу кардааст, ки "Юлдуз Усмонова примадоннаи ҷаҳон шавад".
Дар яке аз мусоҳибаҳояш овозхон гуфта будааст, ки дар зиндагӣ аз ҳама лаҳзаҳои ширин барояш дидор бо наздиконаш аст.
Юлдуз Усомонова соли 1963 дар оилаи коргар дар шаҳри Марғелон ба дунё омдааст. Онҳо дар хонавода 8 фарзанд будаанд, ки фарзанди шашум Юлдуз Усмонова будааст.
Худи овозхон бошад, як духтар дорад, ки роҳи модарро интихоб кардааст.
Юлдуз Усмонваро дар ватанаш примадоннаи саҳнаи Узбакистон мегӯянд. Овозхон наздики 600 суруд сабт кардааст, ки забонҳои узбакӣ, туркӣ, тоҷикӣ, русӣ садо додаанд.
Шумораи куллии сидиҳое, ки Юлдуз Усмонова мунташир кардааст, 25 миллионро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, Юлдуз Усмонова пас аз чанд сол авохири моҳи майи соли равон бо барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон омад.
Ҳунарманд дар консерти дурӯзааш дар Душанбе мухлисонашро бо сурудҳои тозаи тоҷикӣ низ шод кард.