Се шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми теруризм дар Афғонистон боздошт шуданд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкАрест. Архивное фото
Арест. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафаргул Одинаева, Хушнуд Махсумов ва Ҷамолиддин Ҳасановро нерӯҳои амниятии Афғонистон ду моҳ пеш аз ин ба иттиҳоми теруризм дастгир карда буданд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Се шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба иттиҳоми даст доштан дар теруризм дастгир кардаанд, хабар медиҳад дафтари иттилоърасонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

"Шарҳвандони ҶТ — Сафаргул Одинаева ва писари панҷсолааш Умар аз вилояти Хатлон, Хушнуд Махсумов аз ноҳияи Ҳисор ва Ҷамолиддин Ҳасанов аз шаҳри Душанбе ду моҳ пеш аз ин ба иттиҳоми даст доштан дар теруризм дар Афғонистон боздошт шуданд", — тавзеҳ додааст КДАМ ҶТ.

Боздоштшудагон ба Тоҷикистон истирдод шуда ва ҳамакнун дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ин се шаҳрвандонро муттаҳам ба "зархаридӣ" кардаанд.

Писари Сафаргул Одинаева ба хешовандонаш вогузор шудааст.

Арест гражданина Таджикистана Умара Махмадиева - Sputnik Тоҷикистон
Навори боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Пулково

Чанде пеш Умар Маҳмадиев ном шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда буд. Нерӯҳои амниятии Русия ӯро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо созмони теруристӣ кардаанд.

Идораи Созмони амнияти федероли Русия дар шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ дода, ки Маҳмадиев қасд дошта ба гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) бипайвандад ва дар он шаҳр амалиёти теруристӣ анҷом диҳад. Ӯро то 7 феврали 2018 боздошт кардаанд то парвандаашро такмил кунанд.

Лентаи хабарҳо
0