Домод ҷавонмарг шуд: садама дар роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи поён

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои Тоҷикистон гузориш доданд, ки Ҳаким Сабуров барои анҷом додани маросими ақди никоҳ ба шаҳри Душанбе мерафт

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи маргбори шаби 8-уми декабр дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, шаби 8-уми декабр соати 22:00 рух додааст. Гуфта мешавад, ронандаи худрави "Дулан" Маҳмадзоир Давлатови 26-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи поён, дар деҳаи Сурхи ноҳияи Ҷайҳун, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола" бармехӯрад.

Тавре ВУД афзудааст, дар натиҷаи ин сонеҳа ронандаи "Тайота-Каролла" Ҳаким Тағоеви 20-сола, сокини ноҳияи Ҷайҳун ва мусофири дигари ин худрав- Ҳаким Сабуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расиданд.

Ҳаким Сабуров 20 сол доштааст, расонаҳои Тоҷикистон гузориш доданд, ки ин ҷавон барои анҷом додани маросими ақди никоҳ ба шаҳри Душанбе мерафт.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд мекунад, дар пайи ин ҳодисаи нохуш инчунин, мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда Пирова Кенҷагул, соли таваллудаш 1971 ва хурдсол Зубайдуллоева Шукрона Шарофиддиновна, соли таваллудаш 2013, сокинони деҳаи Истиқлол ва шаҳрвандон: Додарбеков Бурҳониддин, соли таваллудаш 1997 ва Сангов Рамазон Муродалиевич, соли таваллудаш 1997, сокинони деҳаи Тоҷикистон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0