ДУШАНБЕ, 11 дек— Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистоон аз дастгир шудани сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, дар паи доир кардани корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшанро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 ҳазору 840-дона маводи тарфгарии намуди "Трения" дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамин тавр нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 199 иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ёдоварӣ мекунем, ки шурӯъ аз соли 2008-ум инҷониб фурӯш, харид ва ворид кардани маводи тарфгарӣ ба қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.