Дар Петербург марди узбаке рақибашро бо як зарба ба ҳалокат расонд

Обуна шудан
Абдусатор ном муҳоҷире аз Узбакистон Эдуарди 32-соларо, ки мехост ба назди дӯстдухтари пешинаш дарояд, бо як зарба куштааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Абдусатори 25-сола Эдуард ном мардеро бо як зарбаи марговар куштааст. Дар ин бора "Фонтанка" бо такя бар манобеъ дар ниҳодҳои интизомӣ хабар медиҳад.

Эдуард мехост ба назди дӯстдухтари пешинаш дарояд, вале Абдусатор, ки вақтҳои охир бо ин духтар дӯстӣ дошт, роҳи ӯро гирифт.

Абдусатор, ки варзишкори ҳирфаӣ аст, бо як зарба бар сари Эдуард, ӯро ба ҳалокат расондааст.

Пас аз ин ҳодиса Абдусатор қасд доштааст худро пинҳон кунад. Вале пас аз ду соат мақомоти интизомӣ ӯро дар манзили ҳамшаҳриҳояш ёфта дастгир кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон марди 56-солаи сокини Чорбоғро ба иттиҳоми куштор дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин мард пештар ҳам ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир суд шуда аст. Ин бор айби ӯ вазнинтар аст.

Гуфта мешавад, ки ӯ ба ҷои кори ҳамсари пешинаш омада бар асоси рашк ӯро 19 корд задааст. Аз ҷароҳатҳои вазнин зани 40-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0