Раисҷумҳур раиси дастгоҳи президентро барканор кард

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон раиси дастгоҳи президентро аз вазифа сабукдӯш кард

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар бораи аз вазифаи раиси дастгоҳи президент озод кардани Алмосбек Усеновро имзо царор баровард.

"Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков қарор дар бораи аз вазифаи раиси дастгоҳи президент озод кардани Усенов Алмосбек Туратбековичро имзо кард", — омадааст дар қарори раисҷумҳур.

Далели аз вазифа барканор шудани Алмосбек гуфта нашудааст.

Усенов моҳи августи соли 2017 ба ин вазифа таъин шуда буд. Пештар ӯ раҳбари хадамоти матбуоти раисҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев буд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки раҳбари Бонки миллии Қирғизистон Кубаничбек Кулматов, пас аз се моҳи раҳбарӣ ба вазифаи пешини худ-раҳбари Хадамоти гумрук, ки оғоз аз соли 2010 ин вазифаро бар дӯш дошт, боз мегардад.

Лентаи хабарҳо
0