ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ҳамчунин ба иттилоъи Созмони оташнишонии Ню-Йорк, дар ин инфиҷор чаҳор кас захмӣ шудаанд.
Ба гузориши РИА Новости, яке аз ин захмишудагон касе аст, ки худро мунфаҷир кардааст. Ин инфиҷор имрӯз дар чаҳорроҳи хиёбонҳои 42-юм ва 8-ум дар бахши шарқии Манҳеттен рух дод.
Пулис теруристи интиҳориро шиносоӣ кардааст. Аз ӯ Ақоидуллоҳ ном бурдаву гуфтаанд, ки 27-сола аст ва эҳтимолан аз Банглодеш ба Амрико муҳоҷират карда ва ҳафт сол боз дар Бруклин зиндагӣ доштааст.
"Бозҷӯиҳои муқаддамотӣ нишон медиҳанд, ки ин мард афзори худсохтаи таркандае бо худ дошта, ки онро қасдан мунфаҷир кардааст", — гуфт сардори пулиси Ню-Йорк Ҷеймс О'Нил.
Вай афзуд, ки ин мард ҳангоми боздошт шудан шиорҳое мегуфт, вале муҳтавои он шиорҳоро ошкор накард.
#BreakingNews Police response to New York explosion,1 in custody after blast at Port Authority bus station, New York'ta #NewYork #Manhattan pic.twitter.com/Kt3E1tLnHw
— Ali Alemdar (@aali_alemdar) 11 декабря 2017 г.
Ёдоварӣ мекунем, ки яке аз хунбортарин ва охирин ҳамалоти теруристӣ дар Амрико 1 ноябр рух дода буд.
Он рӯз Сайфулло Саипов ном муҳоҷире аз Узбакистон бо худрави боркаш бар дучархасаворон ҳамла кард ва сипас ба автобуси мактабӣ бархӯрд. Дар ин ҳамлаи теруристӣ 8 кас кушта ва 11 кас захмӣ шуда буд.