Додгоҳ панҷ тоҷикро дар даст доштан дар қазияи оромгоҳи Хованское гунаҳкор шинохт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМассовая драка на Хованском кладбище в Москве
Массовая драка на Хованском кладбище в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Маскав Диловар Юнусов, Ҷомӣ Чақалов, Раҳмуддин Садруддинов, Ҳоҷиқурбон Бӯриев ва Шоҳимардон Аҳмадовро дар задухӯрд дар оромгоҳи Хованский муҷрим шинохт

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Шербинск имрӯз панҷ тан аз муттаҳамонро ба даст доштан дар задухӯрд дар оромгоҳи Хованское муҷрим шинохт. 

Ба гузориши РИА Новости аз додгоҳ, Диловар Юнусов, Ҷомӣ Чақалов, Раҳмуддин Садруддинов, Ҳоҷиқурбон Бӯриев ва Шоҳимардон Аҳмадов дар задухӯрд дар оромгоҳи Хованское муҷрим шинохта шуданд.

Массовая драка на Хованском кладбище в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирони тоҷик худро гунаҳкори задухӯрд дар мазори Хованский намешуморанд

Додситон барои ҳар кадоме аз муттаҳамон 3,5 солӣ ҳукм дар зиндон бо шароити сахт кайфар хоста буд.

Ёдоварӣ мекунем, ки задухӯрд дар оромгоҳи Хованское дар канораи Маскав 14 маи соли 2016 рух дода буд.

Дар он задухӯрд камобеш 200 кас ширкат карда ва 3 кас куштаву 23 кас захмӣ шуда буд. Кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Пулис дар паи ин қазия беш аз 90 касро дастгир ва боздошт карда буд.

Лентаи хабарҳо
0