ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии КҲФ, ин ниҳод барои ишғоли ду вазифа: равоншинос ва ронандаи мошини боркаш озмун эълом кардааст.
Шарти аслӣ барои ишғоли вазифаи равоншинос доштани маълумоти олии касбӣ гуфта шудааст.
Барои ишғоли вазифаи ронанда бошад, доштани маълуоти касбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ — навъи В С ва 3 — 5 сол собиқаи корӣ аз шартҳои аслӣ номбар шудааст.
Барои ширкат дар озмун довлатабон бояд ҳуҷҷатҳои зерин: ариза ба унвони роҳбарияти Кумита, шарҳи ҳол, нусхаи диплом, нусхаи билети ҳарбӣ, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, нусхаи шиноснома,маълумотнома аз мақомоти андоз (ИНН) маълумотнома аз ҷойи истиқомат, маълумотнома оиди ҳайати оила ва акс 9 x12 — донаро омод акунанд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 15 декабри соли равон то 15. январи соли 2018 муқаррар шудааст.
Хоҳишмандон барои ширкат дар озмун ҳуҷҷатҳояшонро ба нишонии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Лоҳутӣ 26 метавонанд супоранд.