ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Сиёсатшинос Семен Багдасаров бар ин аст, ки Шӯрои амнияти СММ аз дер боз ба масоили ҷаҳонӣ таъсире надорад.
"Қароре, ки Трамп қабул кард ваъдае буд, ки ӯ ҳангоми пешкаши барномаи пешазинтихобии худ ва пеш аз ӯ Обамаю Буш дода буданд. Қазия бад мешвад, вале то чӣ андоза ин аст саволи рӯз", — гуфт Семен Багдасаров дар суҳбат бо радиои Sputnik.
Ба гуфти сиёсатшинос ба касе рӯшан нест, ки ҳамсояҳои Исроил ва гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Фаластин ба ин ҳодиса чӣ гуна вокуниш мекунанд.
"Чунин шиддат пас аз ду се моҳ паст мешавад, дар Ховари Миёна мушкилоти аз ин хавфноктар аст".
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Амрико қарор кард сафорати худро дар Исроил ба шаҳри Байтулмуқаддас кӯчонад.
Қарори кӯчонидани сафорати Амрико дар Исроил аллакай соли 1995 қабул шуд, вале бо далели муташанниҷ будани вазъияти гирди Байтулмуқаддас, раҳбарони ин кишвар аз ҷумла Трамп ҳар нимсол созишномаеро имзо мекунанд, ки тасвиби қонунро тамдид медиҳад.
Қарори Трамп оиди Байтулмуқаддас бархе аз раҳбаронро ба хашм овард. Чунончӣ раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров бар ин аст, ки Доналд Трамп бо ин қарори худ Исроилро ба ҷанги нав ворид мекунад.