ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Субҳи имрӯз ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ, актери номдор Леонид Сергеевич Броневой вафот кард, гузориш медиҳад РИА Новости.
"Субҳи имрӯз соати 07:30 ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Леонид Броневой вафот кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Леонид Броневой яке аз ситораҳои филми машҳури "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор" (Семнадцать мгновений весны) аст. Ӯ ҳамчунмн дар филмҳои "Покровские ворота", "Тот самый Мюнхгаузен", "Небеса обетованные" низ нақш асосиро офаридааст.
Леонид Сергеевич Броневой 17-уми декабри соли 1928 дар шаҳри Киев ба дунё омадаст. Ӯ соли 1950 Донишгоҳи театр ва ҳунари Тошкандро хатм кардааст. Аз соли 1964 сар карда ӯро ба кино даъват карданд ва фаъолияти ҳунармандии вай оғоз шуд.
Леонид Броневой пас аз нақши Генриха Мюллер дар филми "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор" машҳур шудааст.