ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Додгоҳи вилояти Маскав ҳашт муттаҳам аз Тоҷикистон ва Узбакистонро дар фурӯши 85 килуграм ҳеруин муҷрим шинохт, иттилоъ медиҳад Додситонии кулли Русия.
"Ин маҳкумон ҳамроҳ бо ҳамдастонашон, ки парвандаашон ҷудогона баррасӣ мешавад, гурӯҳи табаҳкоре ташкил карда буданд, ки ҳадафаш фурӯши ҳеруин дар вилояти Маскав буд. Ин гурӯҳи созмонёфта дар соли 2014 дастгир ва торумор шуда буд. Аз он беш аз 85 килуграм ҳеруин боз ситонда шудааст", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ДК Русия.
Бозҷӯён ошкор кардаанд, ки табаҳкорон ҳеруинро дар ниҳонгоҳҳое пинҳон мекардаву муштариёнашон бо пардохти ҳазина нишонии онҳоро дарёфт карда маводро аз он мебардоштаанд. Ин гурӯҳ барои муштариёни доимаш ба нисбати ҳаҷми харидашон тахфиф ҳам медодааст.
Додгоҳи вилояти Маскав ин муттаҳамонро муҷрим шинохта ва ҳар кадомеро ба муддати 7 то 18 сол маҳкум ба зиндон кард.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар Тоҷикистон дар раванди амалиёти "Кӯкнор — 2017", ки аз 20 май то 30 октябр баргузор шуд, 3,3 тонна маводи мухаддир ёфтаву мусодира шудааст.
Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар паи баргузории ин амалиёт дар қаламрави кишвар 3 тоннаву 292 килограмму 762 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 33 кг 473 г ҳеруин, 656 кг 516 гр афюнЮ 2 тоннаву 74 кг 432 гр ҳашиш ва 528 кг 34 гр бангдона, ёфтаву мусодира шудааст.