Русия бо Тоҷикистон барои таъмини иҷтимоъии муҳоҷирон музокира дорад

Обуна шудан
Қарор аст, ки ду кишвар бар асоси асли баробарӣ созишномаҳои байналмилалии таъмини иҷтимоъии коргарони муҳоҷирро имзо кунанд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати кори Русия бо 26 кишвар барои бастани қарордодҳои байналмилалии таъмини иҷтимоъии  муҳоҷирони коргар музокира дорад, гуфт муовини вазир Андрей Пудов.

"Ҳамакнун бо 26 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, музокира дорем то дар ин замина созишномаҳои байналмилалии нав имзо кунем", — гуфт Пудов дар севумин нишасти Мизи гирди байналмилалии таъмини иҷтимоъӣ дар Монтевидео.

Муовини вазири кори Русия афзуд, ки ин созишномаҳо бар асоси асли баробарӣ таҳия ва тасвиб хоҳанд шуд то ҳуқуқи бознишастагӣ ё нафақаи коргарони муҳоҷирро нигаҳ доранд.

Старик , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия шартномаи пардохти ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷикро омода мекунад

Пештар хабар дода будем, ки Русия ва Тоҷикистон барои пазириши коргарони муҳоҷири тоҷик ва таъмини нафақаашон созишномаи наве омода мекунанд.

Вазири кору таъмини иҷтимоъии Русия Максим Топилин пешниҳод карда буд, ки кишварҳои ҳамсуд бо якдигар қарордодҳои таъмини иҷтимоъӣ бар асоси асли баробарӣ имзо кунанд, чуноне ки миёни Русия ва Белорус аст.

Вай гуфта буд, ки "асли баробарӣ ба истилоҳ судури ҳуқуқи нафақа аз кишвари муҳоҷирпазир ба кишвари муҳоҷирфиристро дар назар дорад".

Лентаи хабарҳо
0