Зане аз ноҳияи Рудакӣ: ҳамсарам маро лату кӯб кард ва тилловориҳоямро дуздид

CC0 / Pixabfy / Бижутерия, архивное фото
Бижутерия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милиса шикояти сокини ноҳияи Рӯдакиро баррасӣ карда, ҳамсарашро боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шикояти як сокини ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ дод.

Бино бар гузориши манбаъ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, зани 28-сола ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия муроҷиат кардааст, ки ҳамсараш ӯро лату кӯб ва ғорат кардааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда, марди 24-солаи сокини ҳамин ноҳия занро сараввал лату кӯб ва сипас шёҳои рӯзгор, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, ки арзиши умумиашон 7130-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Кормандони милиса шикояти сокини ноҳяи Рӯдакиро баррасӣ карда, марди гумонбаршударо боздошт кардаанд.

Ёдовар мешавем, чанде пеш зане аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми куштори шавҳар боздошт шуд.

Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зан дар пайи муноқиша  бо ҳамсар бо истифода аз корди ошпазӣ як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат мерасад. Гуфта мешуд, гумонбаршуда 22 сол дорад ва кушташуда ҳам 22 сол дошт.

Лентаи хабарҳо
0