ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ба гузориши ВУХ ҶТ, Аслов ва Гремингер дар ин дидор дурнамои равобити Тоҷикистон ва САҲА-ро дар чорчӯби бознигарии усули баргузории барномаҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар баррасӣ карданд.
"Дар ин дидор бар зарурати густариши ҳамкориҳои муштарак дар пешгирии оқибатҳои балоҳои табиӣ, мубориза бо хатару чолишҳои амнияти минтақаӣ, теруризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид шуд", — гуфта мешавад дар гузориши хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ.
Сироҷиддин Аслов ва Томас Гремингер ҳамчунин дар бораи баргузории барномаҳои байнамилалие, ки дар соли 2018 дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, гуфтугӯ карданд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин бо Комиссари олии САҲА дар умури ақаллиятҳои миллӣ Ламберто Занниер дидор кард.
Дар ин мулоқот, ки 7 декабр сурат гирифт, тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олӣ дар умури ақаллиятҳои миллиро баррасӣ карданд.
Вазир ва комиссар ҳамчунин дар бораи густариши ҳамкориҳо дар заминаи таъмини сулҳу субот дар паҳнои САҲА ва эҳтироми ҳуқуқи башар табодули афкор карданд.