Тоҷикистон аз кишварҳои урупоӣ хост аз сиёсатҳои дугона даст бардоранд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Аслов, архивное фото
Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз бархе аз кишварҳои урупоӣ хост аз сиёсатҳои дугона дар бархурд бо ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ даст бардоранд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Сироҷиддин Аслов ин дархостро дар 24-умин нишасти Шурои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Урупо (САҲА) дар шаҳри Вена кард.

Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, Аслов дар ин нишаст мавқеъгирии Тоҷикистон дар масоили мубрами рӯзномаи ҷаласа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар густараи САҲА-ро баён кард.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов: ҷангҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Вай бар аҳамияти талошҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо ҳаросафканӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва густариши ҳамкориҳо дар бознигарии усули баргузории барномаҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва таҳкими амният дар минтақа таъкид кард.

"Вазири корҳои хориҷӣ аз ҷумла даъват намуд, ки баъзе аз кишварҳои САҲА сиёсати духураи худро дар самти мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшида, ҷиҳати пешбурди муборизаи беамон ва решакан намудани ин хатарҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба расонанд", — гуфта мешавад дар хабари ВУХ ҶТ.

Аслов ҳамчунин аз чолишҳои рӯзафзуни теруристӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши гурӯҳҳои ҳаросафкан, аз ҷумла ДОИШ дар Афғонистон, хусусан дар шимоли он нигаронӣ кард ва аз кишварҳои САҲА хост дар таҳкими марзи давлатӣ, бавежа аз роҳи кумакҳои молӣ ва фаннӣ, чораҳои мушаххас биандешанд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, Душанбе хостори ҳарчи зудтар пойдор гардидани сулҳу субот дар Афғонистон аст.    

Лентаи хабарҳо
0