ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Додситонии кулли Украина раисҷумҳури пешини Гурҷистон ва губернатори пешини вилояти Одессия Михаил Саакашвилиро дар пайгард эълом кардааст.
Дар ин бора сухангӯи додситонии кулли Украина Лариса Сарган хабар додааст.
"Саакашвилӣ дар пайгард эълом шуд…Баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ бар дӯши воҳидҳои таъиноти махсус, Пулиси миллӣ ва Кумитаи амнияти Украина вогузор шудааст", —навиштааст Сарган дар саҳифаи Twitter-и худ.
1. Оголошено розшук М. Саакашвілі, підозрюваного у вчиненні злочину, передбаченого ч.1 ст.15, ч.2 ст.28, ч.2 ст.256 КК України.
— Лариса Сарган (@SarganLarysa) 6 декабря 2017 г.
Саакашвилӣ рӯзи сешанбе дар паи кортукови ҷиноӣ ба далели кумак ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ва пӯшидани ҷиноёти онҳо боздошт шуд. Вале тарафдорони Саакашвилӣ ӯро аз дасти кормандони амният раҳо кардаву ба ҷониби маркази Киев ба тазоҳурот баромаданд.
Додситонии кулли Украина Юрий Лутсенко изҳор дошт, ки тазоҳуроти Саакашвилӣ ва тарафдоронаш аз ҷониби раисҷумҳури пешин Виктор Янукович, аз ҷумла аз тарафи соҳибкор Сергей Курченко маблағгузорӣ шуда барои барҳам додани ҳукумати кунунии Украина равона шудааст. Саакашвилӣ ин айбдоркуниро рад кард.
Пулиси миллии Украина изҳор дошт, ки субҳ дар урдугоҳи Саакашвилӣ амалиёти ҷустуҷӯӣ баргузор карданд, вале дар паи он нафаре аз тарафдорони раисҷумҳури пешини Гурҷистон боздошт нашудааст.
Пештар Саакашвилӣ гуфт, ки шахсони номаълум субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба тарафдорони ӯ ҳуҷум карда онҳоро лату кӯб кардаанд.