ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи италияии Larupublika, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт: Мусулмонони Роҳингия дар иёлоти Рахин дар ғарби Мянмар ҷузъи ситамдидатарин ақаллиятҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд ва Созмони милали муттаҳид низ ин ақаллиятро бузургтарин ҷамъияти бидуни шаҳрвандӣ дар ҷаҳон тавсиф кардааст.
Поп аввали декабр пас аз дидор бо мусулмонони Роҳингия дар Дакка, пойтахти Бангладеш, ки ба иллати хушунатҳои артиш ва нерӯҳои амниятии Мянмар ба Бангладеш куч кардаанд, саранҷом аз иборати мусулмонони Роҳингия истифода кард.
Поп пеш аз ин аз ба кор бурдани ин иборат худдорӣ ва аз иборати оворагони иёлоти Рахин истифода мекард.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон 28 ноябр то дуввуми сентябри 2017 низ барои дидор бо мусулмонони Роҳингия ва мақомоти Мянмару Бангладеш ба ин ду кишвар сафар карда буд.