Тоҷикистон бо Баҳама равобити дипломатӣ роҳандозӣ кард

© МИД РТУстановление дипломатических отношений между РТ и Содружеством Багамских Островов
Установление дипломатических отношений между РТ и Содружеством Багамских Островов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди ҷазираҳои Баҳама бо якдигар равобити сиёсӣ барқарор карданд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дирӯз, 5 декабр, дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштараки роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди ҷазираҳои Баҳама баргузор шуд.

Ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Иттиҳоди ҷазираҳои Баҳама Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Шейла Карей имзо кардаанд.

Подписание Заявления об установлении дипломатических отношений между РТ и Республикой Маврикий. - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо Маврикия равобити сиёсӣ роҳ андохт

Баҳама кишварест инглисизабон ва қаламраваш беш аз се ҳазор ҷазираи хурду бурзург дар уқёнуси Атлас, шарқтар аз нимҷазираи Флорида ва шимолтар аз Кубаро дар бар мегирад. Ин ҷазираҳоро Христофор Колумб дар соли 1492 барои урупоиён боз ёфта буд.

Ин кишвар 350 ҳазор тан ҷамъият дорад ва пойтахташ шаҳри Нассау аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки 10 май Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Маврикия равобити диплумотӣ барқарор карда буд.

Лентаи хабарҳо
0