ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зане ҳамсарашро корда задааст, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерсад.
Бино бар иттилои манбаъ, зани 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳоло аз ҷониби милиса дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, зан дар манзили истиқоматиашон рӯзи 5-уми декабр дар пайи ҷанҷол бо шавҳар, бо хорди ошпазӣ як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш мезанад.
Дар натиҷа ҳамсар ҷарозҳати вазнин бардошта, дар бемористон вафот мекунад.
Аз рӯй ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.