Кормандони БДА дар хиёбонҳои Душанбе бо гаштҳо ҷойгузин мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рафту омади худравҳо дар хиёбонҳои шаҳри Душанберо аз аввали моҳи декабр ба ҷои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ гаштҳо ё патрулҳо назорат мекунанд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии ҶТ ин гаштҳоро барои пешгирӣ аз роҳбандон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ кардааст.

Аз ин пас дар хиёбонҳои пойтахт шумораи постҳо кам шуда, ҷояшонро патрулҳо ё гаштҳо мегиранд. Кормандони БДА танҳо дар саргаҳи хиёбонҳо гузошта мешаванд.

"Ин гаштҳо метавонанд аз роҳбандон ва қонуншиканиҳо дар роҳҳои пойтахт пешгирӣ кунанд. Дар бисёре аз кишварҳо чунин гаштҳо роҳандозӣ шудаанд ва натиҷаи хуб додаанд", — гуфта дар тавзеҳи ин навоварӣ Умарҷон Эмомалӣ, сухангӯи ВУД ҶТ.

Гаштҳо ҳаққ доранд дар сурати рух додани қонуншиканӣ онро сабт кунанд ва нисбат ба он чораҷӯӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0