ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Як корманди Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва ҳамсару ду фарзандаш дар паи бар хӯрдани худравҳо ҷон бохта ва ду фарзанди дигараш захмӣ шуданд.
Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин пешомад шоми 3 декабр дар гарданаи Фахробод дар роҳи Душанбе ба Қӯрғонтеппа рух додааст.
Гуфта мешавад, худраве, ки Наврӯз Туманов бо хонаводааш савор буда, бо худрави дигар тасодум кардааст. Дар натиҷа ӯ, ҳамсар ва ду фарзандаш дар ҷо кушта шуданад.
Ду фарзанди дигараш дар ин сонеҳа захмӣ шуда ва ба бемористон бурда шуданд.
Вазорати умури дохилии ҶТ ин ҳодисаро бозрасӣ мекунад.