Алишер Усмонов гуфт, ки чӣ гуна ба Мирзиёев кӯмак хоҳад кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкАлишер Усманов, архивное фото
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миллиардер Алишер Усмонов қайд кард, ки ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Узбакистонро дар ислоҳотҳои молӣ "хело эҳтиром мекунад"

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Миллиардери русиягӣ Алишер Усманов бори аввал иқрор шуд, ки бо Ҳукумати Убакистон ҳамкорӣ мекунад.

"Омода ҳастам, ки аз ҳар ҷиҳат кӯмак кунам ва аллкай кӯмак ҳам карда истодаам. Нақши имрӯзаи ман — ин маслиҳат ва лоиҳаҳои хайриявӣ мебошад",- гуфт вай ба Reuters.

Дар суоли он ки иқтисоди Узбакистонро чанд қадар маблағгузорӣ мекунад вай посух дод, "ҳар чӣ аз дастам меояд".

Миллиардер ҳамчунин қайд кард, ки "ҷидду ҷаҳди имрӯзаи ҳукумати кишвар барои ислоҳоти молӣ эҳтиром мекунад".

"Ман фикр мекардам, ки барои ислоҳот мисли дигар кишварҳо ба Узбакистон ҳам ду се сол лозим мешавад. Аммо мебинам, ки ин ҷо вазъият дигаргун аст, дар яке сол қариб пурра вазъи молии кишвар ислоҳ шудааст",- гуфт вай.

Усмонов ҳамчунин қайд кард, ки вай аллакай бо ҳукумкати Узбакистон дар таъмирии ёдгориҳои таърихӣ дар Самарқанд, Бухоро ва Тошканд кӯмак мекунад.

Ёдовар мешавем, 18-уми сентябр Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар Маҷмаи умумии СММ бо ҳавопаймои Алишер Усмонов парвоз карда буд. Миллиардер гуфт, ки омода буд, ин ҳавопайморо ройгон ба хидмати Мирзиёев диҳад, аммо Узбакистон қабул накард.

Лентаи хабарҳо
0