Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон Қозидавлдат Қоимдодовро бо Муҳаммадшариф Ҳақдод ҷойгузин кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қозидавлат Қоимдодовро аз симатҳояш озод ва Муҳаммадшариф Ҳақдодро ҷойгузинаш кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармоне Қозидавлат Қоимдодовро ба сабаби ба нафақа баромаданаш аз симатҳои сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ва Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод кард.

Раисҷумҳур бо фармоне дигар Муҳаммадшариф Ҳақдодро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус таъйин кард.

Бо фармоне дигар Муҳаммадшариф Ҳақдод Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти расмӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин шуд.

Вай ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз симати муовини вазири умури хориҷии ҶТ озод ва Зоҳир Саидзода дар ин симат ҷойгузинаш шудааст.

Лентаи хабарҳо
0