Амрико вуруди сокинони шаш кишвари мусалмониро мамнуъ кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп, архивное фото
Президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манъи вуруд ба шаҳрвандони шаш кишвари исломӣ - Эрон, Яман, Лияив, Сурия, Сомалӣ ва Чад дахл дорад, ки ба назари ҳукумати ИМА кишварҳои ифротӣ ба ҳисоб мераванд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Додгоҳи олии ИМА иқдоми раисҷумҳури кишвар Доналд Трампро дар бораи манъ вуруди сокинони кишварҳоии мусалмониро ба Амрико таъйид кард, хабар медиҳад, The Time.

Ҳамин тавр, мувофиқи фармони додгоҳ, вуруди шаҳрвандони шаш кишварҳои мусалмонӣ — Эрон, Яман, Судон, Сурия, Сомалӣ ва Чад ба Амрико мамнуъ шуд.

Дар моҳҳои аввали раисҷумҳурӣ Трамп фпрмоне ба имзо расонида буд, ки мувофиқи он ба муддати 90 рӯз вуруди сокинони ҳафт кишвари мусалмонӣ — Эрон, Ироқ, Сомалӣ,  Судон, Сурия, Либия ва Ироқ ба ИМА  мамнуъ шуда буд.

Ёдовар мешавем, аввалҳои моҳи ноябр дар шаҳри Ню-Йорк ҳамлаи терористӣ ба амал омад. Як зодаи Узбакистон савор ба худрави боркаш дар чанде аз кӯчаҳои Ню-Йорк дучархаронҳоро пахш карда буд. Дар ин ҳамла хунин 8 тан кушта ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Пас аз ин рухдод, Доналд Трамп гуфт, террористи узбакро ба дор овезанд ва бахтозмоии Грин Картро лағв кунанд.

Лентаи хабарҳо
0