ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки даршимоли Тоҷикистон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба иттиҳоми авбошӣ ва дуздӣ боздошт кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда марди 25-сола- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будааст.
Номбурда, санаи 17-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 05:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, ӯро зери лату кӯб қарор додааст. Сипас бо роҳи ошкоро аз ҷайби кастюмаш 100-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг Ҷ-5", ки арзишаш 1400-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.