ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба гуфти ӯ зиндагӣ дар манотиқи кӯҳӣ, ба вижа дар Помир душвор аст. Коршинос қайд кард, ки нигоҳдории фарҳанги миллӣ дар чунин шароит беҳад вазнин аст, вале мардуми Помир аз ӯҳдаи ин кор баромадааст.
"Дар Помир меҳнаткашони бузург ба сар мебаранд. Ман пеши мардуми Помир сар фурӯд меорам", — гуфт Олга Старостина дар суҳбат бо радиои Sputnik.
Старостина: таджики - великий народ
Старостина: таджики - великий народ
Старостина қайд карда, ки вақте иттифоқан ба омӯзиши таърихи мардуми тоҷик машғул шуду онро бо охир бурд аз таърихи ин мардум шигифтзада шуд.
Коршинос мегӯяд, ки тоҷикон мардуми пешгоми Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки 4000 сол боз дар шонаҳои онҳо Осиёи Марказӣ истодааст.