ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно аксҳои арӯсии ҷияни Алишер Усмонов Гани Усмоноваи 24-сола ва Важа Узакови 29-соларо дар интренет паҳн ва муҳокима доранд.
Ёдоварӣ мекунем, ки арӯсӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Домоду арӯс рӯзи муҳимтаринии ҳаёташонро дар тарабхонаи бошукӯҳе бо ширкати ситораҳои эстрада гузарониданд.
Меҳмонони ин ҷашн аксҳо ва наворҳои зиёдеро аз ин арӯсӣ бо ҳештеги #vazhaganya дар интернет паҳн кардаанд.
Таваҷҷӯҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро рафтори домод ба худ ҷалб кард.
Домод пас аз рақс бо арӯс шлейфи пироҳани арӯсиро лагад зада мегузарад.
"Ин чӣ гап, бо тамоми қувва лагад зад", — мегӯяд бо тааҷҷуб яке аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ.
"Аҷиб, чаро ӯ дар ҳузури ҳама пироҳани арӯсро лагад зад", — менавсиад дуюмӣ.
"Балеее! Як ҳаракат ва ба монанди Фрейд", — мегӯяд бо ҳазл дигаре.
Бархе аз корбарони интернет хулоса карданд, ки "домодро ба зӯрӣ хонадор" мекунанд.